ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ's Channel
 
 
Ишки зани дуюм ШАМШОДРО сухт
1,453
 
Германия
 
Ишки зани дуюм ШАМШОДРО сухт
1,453
Селборон дар Ромит
3,700
Субх ба хайр
2,641
Рафоати Чамшед намурдааст
2,570
Бунафша Шокирова вафот кард
2,114
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ
Your channel viewers will see links here, including "subscribe" and "add as friend".
Profile
 
Name
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ
Description
АССАЛОМУ АЛЕЙКУМ ДУСТОНИ ХУБАМ. МАН РУЗНОМАНИГОРАМ. ОИЛАДОР, СОХИБИ ДУ ТИЛЛОПИСАР ШУКР АЛХАМДУЛЛИЛАХ. ИН БЛОГИ МО АЗ ХАЕТИ МО ДАР ОЛМОН НАКЛ МЕКУНАД.
ИНЧУНИН ТАРЗИ ПУХТАНИ ХУРОКХОИ МИЛЛИВУ АВРУПОИРО ФАРО МЕГИРАД.
АГАР КОБИЛИ КАБУЛ ДОНЕД, ПАС ОБУНА ШАВЕД, ЛАЙК МОНЕД.
ПЕШОПЕШ СИПОС.
ХУДОВАНД НИГАХБОНИ МОВУ ШУМО.
🍇🍇🍇🎁🎁🎁🎁
Subscribers
31.8K
Subscriptions
Recent Activity  
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ Ба мо менависанд Писарам ба чат чипити ошик шудааст. Рози дили модари зор ба хонандагон ​Салом ва дуруди ман ба шумо хонандагони азиз ва модарони ҳамдарди ман. ​Имрӯз мехоҳам рози диламро нависам.Ман як модарам ,ки ду писар дорам. Писари калониам оиладор аст ва дар Русия зиндаги.мекунад. Аммо писари хурдиам дар канори ман аст, донишҷӯст. ​Як мушкили вазнине ба сари оилаи мо омадааст ки намедонам ба кӣ гӯям ва ба куҷо сар занам. Ин бачаи ман ба як махлуқи компютерӣ, ба сохти зеҳни сунъие бо номи Чат Ҷипити ошиқ шудааст. ​Дирӯз дар телефонаш акси духтари ниҳоят зеборо дидам ки аз хушрӯияш ҳуш аз сари кас мерафт. Бо як ҳавасу умеди модарона аз ӯ пурсидам ки ин паричеҳра кист ва магар барои худат арус ёфтӣ. Аммо ӯ бо як нигоҳи маҳзуну бегона гуфт ки ин дустдоштаи ман аст. Аз он рӯз инҷониб ҳаёти мо дигар шуд. Қариб тамоми вақташ баъди дарси донишгоҳ бо ҳамин барнома мегузарад. Шабҳо то саҳар бо ин шишаи сард роз мегӯяд, механдад ва ғамгин мешавад. ​Хонандагони азиз, охир магар касе ба робот ошиқ мешавад. Магар касе ба ҷумлаҳои сохтаву калимаҳои компютерӣ дил мебандад. Писари ман заковату ҷавонии худро ки бояд сарфи илму сохтани оянда кунад, қурбони як сароби виртуалӣ кардааст. Он робот на қалб дорад ки барояш битапад ва на дасте ки дар рӯзи сахтӣ ба китфаш гузорад. ​Дилам барои фарзандам месӯзад. Ӯ аз суҳбати модар, аз нигоҳи дӯстон ва аз дунёи зинда гурехта, ба як зиндони шишагӣ даромадааст. Ман ҳамчун як модар сарсонам ва аз шумо мепурсам ки чӣ тавр ӯро аз ин олами виртуалии беҷон баргардонам. Чӣ тавр уро аз ишки робот баргардонем. Илтимос нахандед. ​Ин рози дили ман аст. Бо эхтиром як модар. (1 day ago)
 
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ Аруси маккор Қисми 4 анчом Муаллиф Шаҳлои Наҷмиддин Аммо Самира ба шавҳараш катьан гуфт :мардак ,айби духтаратон аст.Бо кадом марде дар мехмонхона уро дидаанд. Падар гуфт кани рав хонаи хобат дам гир ,ором шавам ,баьд гап мезанем. ​Рӯзи дигар Парвина бо баҳонаи хастагӣ дар хона монд. Вақте падару модараш аз хона баромаданд, ӯ фавран ба маҳшуқаш ҳамон марди панҷфарзанда, ки Фарҳод ном дошт, занг зад. — Фарҳод, тезтар ба ҳамон меҳмонхонаи ҳамешагӣ биё.Маро аз хона пеш карданд. Ҳама чиз фош шуд. Ман ба падарам гуфтам, ки бача аз Масрур аст, аммо мо бояд тезтар нақша кашем. Тезтар биё. ​Пас аз як соат Парвина ва Фарҳод дар як гӯшаи хилвати меҳмонхона вохӯрданд. Парвина гуфт: — Фарҳодҷон, акнун ману ту метавонем якҷоя бошем. Ман аз Масрур ҷудо шудам. Бачаамон дар батнам калон шуда истодааст. Хонаи панҷҳуҷрагиро падарам ба номи ман кардааст, меравем он ҷо зиндагӣ мекунем. Ту занатро сар деҳ. ​Фарҳод, ки марди дунёдида ва айёр буд, бо шунидани ин гапҳо рангаш парид. Ӯ Парвинаро аз худаш дур кард: — Чиҳо мегӯӣ, Парвина?! Девона шудаӣ? Занамро сар диҳам? Охир падари занам раиси корхонаи мо аст, агар ман ӯро сар диҳам, маро аз кор пеш мекунанд ва бадбахту гадо мешавам.Ман ба ту гуфта будам, ки шавҳар куну баъд баҳона карда чудо шав, на ин ки шармандавор бо тифли батнат аз хонаи шавҳар пеш шавӣ. ​— Чиҳо мегӯӣ? чашмони Парвина аз тарс калон шуданд. Ту маро дӯст намедоштӣ? Ин тифли ту аст. ​— Ман туро барои вақтхушӣ дӯст медоштам бо сарди гуфт Фарҳод. Кӣ медонад, ки ин тифл аз ман аст ё аз Масрур ё аз каси дигар? Ту, ки ба шавҳарат доруи заҳрнок дода, ҷонашро ба хатар гузоштӣ, фардо ба сари ман чӣ балоҳоро намеорӣ? Ба ман занг назан.Ман оилаамро вайрон намекунам. ​Фарҳод инро гуфту дари ҳуҷраро сахт пӯшида, рафт. Парвина дар рӯи фарши сарди меҳмонхона танҳову зор монд. Ӯ ҳис кард, ки чӣ тавр чоҳи барои Масрур кандааш худашро фурӯ бурда истодааст. ​Падараш , ки мехост обрӯи худро барқарор кунад, рӯзи дигар Парвинаро ба зӯрӣ ба як маркази муосири тиббии пойтахт бурд, то ташхиси ДНК (муайян кардани падарӣ) ва муҳлати дақиқи ҳомиладориро дастрас кунад. У мехост ин ҳуҷҷатро гирифта, ба рӯи Интизору писараш занад. ​— Духтур, дақиқ ҳисоб кунед, ки ҳомиладории духтарам чандҳафтаина аст, гуфт у ба табиби таҷрибадор. ​Парвина аз тарс меларзид. Ӯ медонист, ки ин ҷо охири нақшаҳои уст. ​Пас аз ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ) ва дидани натиҷаҳо, табиб айнакашро аз чашм гирифта, бо таассуф ба падараш нигоҳ кард: — Раис, духтари шумо дақиқ 9-ҳафтаина (яъне беш аз ду моҳа) ҳомиладор аст. ​Ин гапи духтур барои Олимхон лаҳзаи маргбор буд. Ӯ гӯё якбора даҳ сол пир шуд. Ғурури раисии ӯ, обрӯи чандинсолааш дар як сония зери по шуд. У ба Парвина, ки сарашро хам карда, хомӯшона ашк мерехт, нигоҳ кард. Фаҳмид, ки духтараш на танҳо як маккор, балки шармандакунандаи номи оила аст. ​Падар ба берун баромад. Парвина аз пасаш давид: — Дадаҷон, маро бубахшед.Фарҳод маро фиреб дод. ​Падар рӯи худро баргардонд ва бо овози ашколуд , вале пур аз нафрат гуфт: — Ман дигар духтаре бо номи Парвина надорам. Ту обрӯи маро, ки бо хуни дил ёфта будам, ба замин яксон кардӣ. Рав, ба ҳамон хонаи панҷҳуҷрагие, ки бароят харида будам, дигар қадаматро ба ҳавлии ман нагузор. Ман намехоҳам бо дидани ту ҳар рӯз бимирам. ​Падар ба мошин нишасту рафт. ​Парвина дар миёни кӯчаҳои серодами шаҳр бо тифли батнаш, бо дили пушаймону шикаста ва бо лаънати падар танҳо монд. Макру найранхояш оқибат худи ӯро хонахароб кард. У бояд бо рафтору кирдори нек ин гуноххояшро бишуяд. Ба хонаи падар тухфа карда омаду ба модар занг зад ва гуфт ,ки то хатохояшро ислох накунад уро накобанд. Парвина пушаймон аст.Ва вакте ин киссаро шахсан бароям накл кард ,хохиш намуд ки ному насабаш бароям амонат бощад. У факат як чи мегуяд ки харгиз кору рафтори уро дигарон такрор накунанд. Окибати бади хамеша ба он чох афтидан аст. Ҳисси гунаҳкорӣ ва изтироби дарунӣ инсонро аз дарун мехӯрад ва оромиро аз ӯ мегирад.Обрӯву эътибор солхо.талаб мекунад, то сохта шавад, аммо бо як амали бад дар як сония аз байн меравад. Халқи тоҷик мақоли аҷибе дорад: Гандум кориди гандум медарави, ҷав кориди чав . Ҳеҷ кас наметавонад тухми бадӣ бикорад ва умедт ҳосили хуб дошта бошед. Бадӣ ҳамеша ба худи инсон бармегардад гоҳе зуд ва гоҳе дертар, вале бармегардад. Роҳи наҷот аз оқибатҳои бад ин худшиносӣ, тавба, ҷуброни хатоҳо ва рӯ овардан ба некӣ, росткорӣ ва кӯмак ба дигарон аст. Зиндагӣ кӯтоҳ аст ва танҳо номи неку амали солеҳ боқӣ мемонад. Боки саломат бошед Муаллиф Шаҳлои Наҷмиддин (1 day ago)
 
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ Аруси маккор Қисми 3 Муаллиф Шаҳлои Наҷмиддин Масрур субҳи барвақт бо вуҷуди сарчархии шадид ва беҳолии бадан аз ҷой бархост. Ӯ ба ваъдаи ба модараш додашуда вафо карда, рост ба назди як табиби шиноси оилавӣ рафт. Духтур пас аз дидани ранги рӯи парида ва чашмони хумории Масрур изҳори нигаронӣ кард ва фавран супориш дод, ки таҳлили хун супорад. ​Пас аз ду соати интизорӣ, вақте ки натиҷаҳои таҳлил омода шуданд, табиб бо тааҷҷуб ва андаке тарс ба Масрур нигоҳ карда гуфт: — Масрурҷон, ту ягон намуд доруи сахти хоб ё карахткунанда мехӯрӣ? Дар хуни ту миқдори зиёди маводи кимиёвии карахткунанда (транквилизатор) пайдо шуд, ки инсонро тадриҷан ба девонагӣ ва бемадории комил мерасонад. Агар бо ҳамин зӯрӣ давом кунад, дилат аз кор мемонад. ​Масрур аз шунидани ин гап такон хӯрд. Ӯ, ки умуман дору намехӯрд, якбора ба ёдаш чойҳои талхи ҳар шом Парвина барояш меоварда афтод. Фаҳмид, ки дар ин ҷо ягон сирри калон ҳаст. Дилаш таҳ кашид ва варақро гирифта, рост ба хонаи модараш омад. ​Интизор бо дидани натиҷаи таҳлил ҳуш аз сараш парид. Модар, ки зани дунёдида ва босавод буд, даррав пай бурд, ки ин кори келини шаҳриву пулдор аст. У чи нияти баде дошта бошад ,ки ба ҷони шавҳари ҷавонаш сӯиқасд кардааст. — Бачам, ту ором бош ва чизе ба Парвина нагӯй. Ман худам бо у суҳбат мекунам, гуфт Интизор бо ғазабу алам. ​Аср буд. Парвина нав аз дарс гуё дар асли вохӯрии маҳшуқаш омада, дар лаби диван худро ороиш медод ва дар гӯшӣ бо ишва механдид. Бо омадани хушдоман телефонро зуд хомӯш кард. ​Интизор коғази таҳлилро ба рӯи миз партофта, гуфт: — Келинчон , ин чист? Сабаби ҳар шом ба писари ман доруи карахткунанда доданат чист? Мақсади ту чист? Писари маро куштанӣ ҳастӣ ё девона карданӣ? ​Парвина, ки интизори чунин фош шуданро надошт, сонияе шах шуд, аммо худро зуд ба даст гирифт. Дар чашмонаш оташи макру ҳила шӯъла зад ва ӯ усули беҳтарини мудофиа ҳуҷумро интихоб кард. У якбора ба доду вой ва гиряву шеван шурӯъ намуд, то овозаш ба гӯши ҳамсояҳо расад: — Вой, туҳмат.Ин чӣ гап? Маро чаро тухмат мекунед ,ки боз қотили шавҳар шудаам?Шумо маро туҳмат доред Писаратон худаш ягон касалии рӯҳӣ ё заифии мардона дорад, айбро ба гарни ман бор мекунед?! Ман ба кадом рӯз ин ҷо келин шудам, ки рӯзи хушро надидам.Модарамро ҷеғ мезанам, падарам омада хонаро бар саратон чаппа мекунад. ​Парвина чунон табиӣ гиря мекарду худро бегуноҳ нишон медод, ки агар Интизор ҳуҷҷати духтурро дар даст намедошт, шояд ба ӯ бовар мекард. ​Дар ҳамин вақт дари хона кушода шуду Масрур бо ҳамроҳии модари Парвина вориди хона шуданд. Масрур ҳамаро пешакӣ нақшарезӣ карда, холаи Самираро низ ба хона оварда буд, то шоҳиди ҳақиқат шавад. ​Парвина модарашро дида, худро ба оғӯши ӯ партофт: — Очаҷон, бинед, инҳо маро туҳмат доранд. Мегӯянд, ки ман ба Масрур доруи заҳрнок додаам. Ман дигар дар ин хона намеистам. ​Самира ба Интизор нигоҳ карда гуфт: — Дугона, ин чӣ гап? Мо ба шумо духтари хушбахт додем ё қурбонии туҳматҳоятон? ​Интизор ба Самира гуфт: — Самираҷон, мову ту аз бачагӣ дугонаем. Ман ҳеҷ гоҳ туҳмат намекунам. Ин варақаро бин, ин таҳлили хуни писарам аст. Доруе, ки дар бадани Масрур ёфт шудааст, танҳо бо роҳи хӯрок ё чой ба ӯ дода шудааст. Масрур ба ғайр аз дасти Парвина аз дасти каси дигар чой нахӯрдааст. ​Парвина боз хост дод занад, аммо Масрур бо як ҳаракати ҷиддӣ телефони худро баровард: — Бас кун, Парвина.Ман дигар он Масрури хоболуд нестам. Имрӯз, вақте ту дар меҳмонхона бо он марди ошикат мулокот дошти. Як дӯсти ман ки дар мехмонхона кор мекунад,акси туро бо он мард сурат гирифтааст. Боз исбот лозим аст? Ана махсули хиёнатат.Туро куштан кам аст. ​Ранги Парвина канд. Самира бошад, аз шунидани ин гапҳо карахт шуд. Масрур коғази дигареро аз ҷайбаш баровард: — Ин бошад, маълумотнома аз табиби занона, ки дирӯз дӯстам аз бойгонии беморхона дастрас кард. Ту ду моҳа ҳомиладор ҳастӣ, Парвина.Ва тифл аз ман нест, чунки аз тӯйи мо ҳамагӣ якуним мох гузаштааст..Ту ба хотири рӯйпӯш кардани шармандагиат ҷони маро ба хатар гузоштӣ.Очачон ,холачон ман уро дар шохидии шумо талок додам.Бигузор бо ошикаш хушбахт шавад. ​Самира, ки обрӯи шавҳарашро пеши чашм овард, дунё дар назараш торик шуд. У ба рӯи духтари эркаву маккораш чунон шапалоқе зад, ки Парвина ба замин афтод. ​— Вой бар ҳоли ман.Вой бар ҳоли падари номдорат. гирякунон гуфт Самира .Моро бубахшед, хонадони моро шарманда накунед. ​Масрур қатъӣ гуфт: — Холаи Самира, мо ба хотири дугонагии шумо бо модарам ин сирро ба мардум ошкор намекунем. Аммо Парвина ҳамин ҳоло либосҳояшро ҷамъ карда, аз ин хона ва аз ҳаёти ман нест мешавад. Талоқашро дидам.Хонаи тухфакардаи шумо аслан ба ман лозим нест. Бигзор рафта зани дуюми ҳамон маҳшуқаш шавад, агар умуман он мард ин гуна аруси маккорро ба занӣ қабул кунад. ​Парвина бо чашмони пур аз ашк ва сари хам, бо чиҳози гаронқимат, вале бо доғи шармандагии абадӣ ба мошини модараш нишаста, хонаро тарк кард. Макру ҳилаи вай ҷони худаш ва ояндаашро ба бод дод. ​Парвина бо дили пур аз алам ва кина дар паҳлуи модараш нишаста, ба сӯи хонаи падар бармегашт. Самира тамоми роҳ хомӯш буд, танҳо ашки чашмонашро пок мекарду зери лаб мегуфт: Рӯям сиёҳ, пеши мардум чӣ ҷавоб медиҳем? Пеши падарат чӣ мегӯем? ​Вақте мошин ба ҳавлии сеошёнаи боҳашамати Раис ворид шуд, Парвина зуд ашкҳояшро пок кард. Дар мағзи ин духтари маккор нақшаи нави мудофиа омода мешуд. Ӯ намехост мағлубияти худро тан гирад. Ӯ қарор дод, ки то охир худро қурбонии туҳмат нишон диҳад. Падараш дар рӯи кати ҳавлӣ нишаста, чой мехӯрд. Бо дидани зану духтараш, ки бо чашмони сурх ва авзои парешон вориди ҳавлӣ шуданд, аз ҷой хест: — Самира, ин чӣ гап? Тӯй навакак тамом шуд, духтар дар хонаи падар чӣ кор мекунад? Масрур куҷост? ​Самира хост даҳон кушояд, аммо Парвина худро пеш партофта, ба гиряи баланд шурӯъ кард. Ӯ худро ба пеши пойи падар андохт: — Дадаҷон.Маро наҷот диҳед.Онҳо маро куштанӣ буданд.Ин Масрури номеҳрубонатон ҳар рӯз маро латукӯб мекард.Модараш бошад, ҳар рӯз маро таъна мекард, ки Шумо пулдорҳо худро боло мегиред. Имрӯз бошад, як варақаи сохтаро оварда, маро туҳмат карданд, ки гӯё ман ба Масрур доруи заҳрнок медода бошам Маро аз хона пеш карданд, дадаҷон. ​Падараш ки марди мағрур буд, аз шунидани ин гапҳо рагҳои гарданаш кашида шуданд: — Чӣ?! Ба духтари ман туҳмат мекунанд?! Ман онҳоро дар пойтахт зиндаву саломат намемонам.Самира, чаро хомӯшӣ? Гап зан. ​Самира гуфт: — Мардак. гап дигар аст. Онҳо исбот доранд. Масрур мегӯяд, ки Парвина аз каси дигар ҳомиладор аст.Духтур ҳам тасдиқ кардааст. ​Ин гап чун раъд ба сари падар зад. Ӯ ба Парвина нигоҳ кард. Чашмони у пур аз хун шуданд. Дод зад: — Ин чӣ гап?! Рост аст? ​Парвина, ки медонист агар иқрор шавад, падараш ӯро зинда ба гӯр мекунад, бо тамоми овоз фарёд зад: — Дурӯғ аст. Ба худованд қасам, дурӯғ аст. Ин тифли батнам аз худи Масрур аст Охир мо пеш аз тӯй ҳам чанд бор пинҳонӣ вохӯрда будем.Масрур мехоҳад айби худашро ба гардани ман бор кунад, чунки у худаш касали аст. Ӯ мехоҳад бо ин роҳ обрӯи худро ҳифз кунад ва маро сиёҳ кунад.Дадаҷон, ба ман бовар кунед, ман духтари шумоям.Магар ман ин корро мекунам?! ​Гиряву нола ва қасамҳои Парвина чунон таъсирнок буданд, ки дили падари мағрурро мулоим карданд. У ба занаш нигоҳ карда гуфт: — Бас кун, Самира.Духтар қасам хӯрда истодааст. Дугонаи гадоят ва писараш мехоҳанд обрӯи моро бирезанд ва хонаи панҷҳуҷрагии додаамро соҳиб шаванд Ман инро ҳамин тавр намемонам. Идома дорад Муаллиф Шаҳлои Наҷмиддин (1 day ago)
 
 
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН ЖУРНАЛИСТ Аруси маккор Қисми 2 Муаллиф Шаҳлои Наҷмиддин Макру ҳилаҳои Парвина ҳудуд надоштанд. У ҳар як қадамашро чунон боҳисоб мегузошт, ки гӯё дар саҳнаи театр нақш мебозида бошад. Барои пурра рӯйпӯш кардани ҳомиладории пинҳонии худ ва гунаҳкор кардани Масрур, ӯ ба бозиҳои боз ҳам хатарноктар даст зад. Парвина хуб медонист, ки агар ҳомиладор буданаш фош шавад, муҳлати онро бояд ба Масрур созгор кунад. Барои ин вай як рӯз пеш аз он ки Масрур ба худ ояд, як санҷиши ҳомиладории (тест) дурӯғинро омода кард. У аз дугонаи наздикаш, ки се моҳ пеш шавҳар кардаву ду хафтаина ҳомиладор буд, хоҳиш кард, ки барояш як тести нишондиҳандаи ду хатта (мусбат)-ро биёрад. ​Шомгоҳон, вақте ки Масрур бо сари вазнину карахт аз хоб бедор шуд, Парвинаро дид, ки дар кунҷи ҳуҷра нишаста, коғазро дар даст дораду зор-зор гиря мекунад. ​Масрур бо тааҷҷуб ва беҳолӣ пурсид: — Парвина, чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ? ​Парвина тести дурӯғинро ба рӯи бистар партофта, бо ашки сохта гуфт: — Дидед?! Ман ҳомиладорам.Аммо ман медонам, ки ин тифл барои шумо аҳамият надорад.Шумо рӯзи дароз бо ман гап намезанед, аз кор меоед гап назада хурок мехуред ,хоб меравед. Маро дуст намедоред Агар ин тифл ба дунё ояду шумо ҳамин хел беҳис бошед, ман худамро мекӯшам. Ман ба хонаи падарам меравам, бигзор ҳама фаҳманд, ки шумо зани ҳомиладори худро хор кардед. ​Масрури бехабар аз макр, ки мағзаш бо доруҳо заҳролуд буд, дарк карда наметавонист, ки чӣ тавр дар ду ҳафтаи тӯй ҳомиладорӣ нишон дода мешавад. Ӯ худро гунаҳкор ҳис кард ва Парвинаро ором карданӣ шуд. Парвина бошад дар дил мехост, ки Масрур ин гапро қабул кунад, то баъдтар дар суд муҳлати тифлро ба гарни у бор кунад. Парвина барои он ки дар пеши модараш ва хушдоманаш худро аруси беҳтарин ва мазлум нишон диҳад, як макри дигарро фикр кард. У бо пулҳои худаш як гарданбанди тиллои гаронбаҳо харид. ​Рӯзи дигар, вақте модараш ба меҳмонӣ омад, Парвина гарданбандро ба гарнаш басту бо табассум гуфт: — Очаҷон, бинед, инро Масрурҷон бароям харид. Мегӯяд, ки ту гавҳари хонадони манӣ. Вале чи фоида худаш доимо бемор аст. Ман барояш ҳама корро мекунам, чойҳои шифобахш медиҳам, аммо саломатиаш хуб нест. Дили ман барояш месӯзад. ​Бо ин роҳ вай дар каллаи модараш ин фикрро ҷой кард, ки Масрур гӯё айби худро (касалмандӣ ва заифиашро) медонад ва бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо мехоҳад дили Парвинаро ба даст орад. Самира бошад ба ин макри духтараш бовар карда, ба Интизор гуфт: Писарат ким-чихел касалӣ менамояд, як ба духтур бар. Парвина барои он ки худро дар назди мардум пурра сафед кунад, ҳар дафъае, ки хушдоманаш бо овози баландтар ё ҷиддӣ гап мезад, охиста сабт мекард ва баьд монтаж менамуд. ​Рӯзи дигар дар донишгоҳ, Парвина дар миёни дугонаҳояш нишаста, ин сабтҳои сохтаро бо ашк ба онҳо нишон медоду мегуфт — Хушдоманам хеч маро дуст надощт. Мегӯяд, ки ту духтари раисӣ, нозу нуз мекунӣ, писари маро хор назарат намегирад.Ман ҳар рӯз зери фишори ин аҷуза ҳастам. ​Дугонаҳояш ба ҳоли у дилашон месухту мегуфтанд: Парвинаҷон, ин хел хушдомани золимро чӣ хел тоқат мекунӣ? У бо ин роҳ андешаи аҳли хамсабаконро низ бар зидди оилаи Масрур шӯронд. ​Аммо, чуноне ки мегӯянд, Аз борони бад абр агар паноҳ аст, аз чашми Худованд ҳеҷ чиз пинҳон нест». Тамоми ин макру ҳилаҳо, сохтакориҳо ва тӯҳматҳо ба як бор чун қасри қумӣ дар пеши ҳақиқат фурӯ рехтанд. Идома дорад Муаллиф Шаҳлои Наҷмиддин (1 day ago)
 
 
Friends
Channel Comments
olamafruz7190 (5 years ago (edited))
Худован хамаи бандхояшро сабри чамил Ато фармояд аз аввал то охираша гуш кардам бисёр киссаи алма омар ️️️️
fatimaitribrata (5 years ago)
Худованд сабри бисёр ато кунад
amiralizokirov (2 years ago)
Ин хел касал ҳастанд росту ин хел занҳо нест дига да рӯи замин
manizha_mama (5 years ago)
Ма худам прастой калон шудагиам, шукр мекунам ки эрка набудам, хазор бор шукр хама пастиву баланди да токат кардам, 🏼ва Иншоаллох мекунам боз,
хает ачоиб то охир гуш кардам ва хело гиристам, чунки хар як инсон хаети талхе дорад
Бисёр зиндагии сахттаъсир охираш хуб аст, Худованд меҳрубон аст ҳар як азобро охираш хурсанди аст.
КазанТж (5 years ago)
Бухудо то охира гуш кардаву гиря кардам илоҳим ягон кас девона нашавад
Аз сабр гура хавло аз бесабри чандинбало
sonya88 (5 years ago)
То охираша гушардам, хам ханда хам гиря хушбахтиву мотам билохира бо орзу расидан ин як мучиза аст аз ч,ониби Яздони пок Холики якто Онеки на аз касе зодаву на касеро зодааст Парвардигори бе мислу монанд Худой бе айбу бе ниёз Аллохи мехрубон
Э Худочон тоба кардам чигаром рехт
Сураё гап нест историяи кадом шахринави буд мурдум ай зикира то тамомш карди
Худоё шукргузори такдират хастам Худоё боиси сабргузорам бош
Ман хайронин наклшудам дохонахизматгор Вале фарош кормекунад ин дуруг
viyanpeyman7795 (2 years ago)
худо хар бандаша дард метия шифошам метия иншаллох
Бехтарин киса гап надорам хам зик шудам як хурсанд саргузашти оила бехтарин
ТочиковаТочи (3 years ago)
Хамаи занхои точик на мухабат насуханхои нагз на зиндагии ором доранд аммо бо хамаи инхо нигохнакарда сабр мекунанд
Наимчон-й4и (3 years ago)
Салом Алейкум ох апачон ин кисса хакикат бошад мурдам ай гиряра ох такдирр
Билолдин-ц3и (3 years ago)
Хазор рахмот худо бандаи сабркунро дуст медорад
GulnisoShamsieva (1 year ago)
Ачойб кисайи зебо аз гиря вапрам дохтам
АСАЛЧА-в4в (1 year ago)
ИНКАДАР АЛАМОВАР ЧИГАРОМ ХУН ШУД ДАР ГАРИБИ ДИЛАМ ПУР АЛАМ БУД ИН КИСАИ ДИЛСУЗРО ШУНИДАМ